Наҷоти 2 нафар аз мошини ғарқшуда ва берунории хонаводаҳо аз минтақаи офати табиӣ

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон амалиёти густурдаи наҷотро дар минтақаҳои селхез роҳандозӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ду нафар аз мошини ғарқшуда дар сел дар шаҳри Ваҳдат наҷот дода шуданд, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин зиёда аз 100 хонавода муваққатан аз минтақаи офатҳои табиӣ дар Ваҳдат ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шудаанд.
Аммо бо таасуф зикр шудааст, ки 8 марду 3 зан бар асари селхезии шаби 27 ба 28 август дар Ваҳдат ба ҳалокат расидаанд.
Дар феҳрасти минтақаҳои асосии осебдида ҷамоати деҳоти ба номи Н. Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромит зикр гардидаанд.
Ҳавошиносон гуфтанд, Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таъкид намудааст, ки селзезиҳою боришот асосан дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор дар навоҳии Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод зиён овардаанд.
Аз ҷумла инфрасохтор, хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳо ва худравҳои шаҳрвандон дар офатҳои табиӣ осеб дидаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъкид намуд, ки феълан бо дастури роҳбарияти Тоҷикистон комиссияи махсус ташкил шуда, барои бартарафсозии оқибатҳои табиӣ кор карда истодааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳушдор додаанд, ки хатари сар задани офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ боқӣ монда, шаҳрвандонро зарур аст, ки эҳтиёткор бошанд.