ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои артиши Покистон генерал Соҳир Шамшод вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишварро баррасӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар меҳвари мулоқот ҳамкориҳо дар самти амният ва мудофиа будаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо генерали покистонӣ аз робитаҳои сиёсии тарафҳо изҳори қаноатмандӣ карда, сатҳи бовариву эътимодро миёни ду давлат дар сатҳи олӣ хуб арзёбӣ намудаст.
Вай ҳамёрии ду кишвар дар самтҳои амнияту мудофиа ва тамосҳои доимии намояндагони сохторҳои соҳавии ҷонибҳоро ба суди ду кишвар хондаст.
Ҷонибҳо ба зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳояшон дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ таъкид кардаанд.
Зимни мулоқот ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули назар анҷом гирифт.
Ин сафари ҳайати покистонӣ дар ҳолест, ки чанде қабл вазири мудофиаи Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо дар садри як ҳайат дар Исломобод қарор дошту ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.