ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вориди шаҳри Душанбе шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, кормандони сифорат ва соири ниҳодҳои Эронии муқими Тоҷикистон аз сафири ҷадид истиқболи гарм карданд.
Дар мулоқоте, ки миёни Ҳақиқиён ва намояндаи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон анҷом шуд, иброз умедворӣ шуд, ки бо ҳузури сафири ҷадиди Эрони масири равобит пуёу ҳамкориҳои миёни ду кишвари ҳамзабон ва ҳам фарҳангро дар заминаҳои мухталиф бо ҷиддият ва ангеза дунбол хоҳад шуд.
Ҳақиқиён то қабл аз интисоб ба самти сафири Эрон дар Тоҷикистон масъулиятҳои мухталиф, аз ҷумла, мудири куллу дастёри вазир дар умури АвруОсиёии вазорати умури хориҷа, мушовири амниятии вазири умури хориҷа, кордори Эрон дар Ироқ, сафири Эрон дар Арманистон, сафири Эрон дар Покистонро дар савобиқ худ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадтақии Собирӣ пеш аз Ҳақиқиён ҳудуди панҷ сол сафири Эрон дар Тоҷикистон буд.