ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки ин мулоқот аз 21 то 28 августи соли 2023 дар шаҳри Тошканд сурат гирифт.
"Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳокима гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, аз натиҷаи он Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрии навбатӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Маврид ба зикр аст, ки моҳи июл низ мулоқоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Аз он пеш - охири июн дар Қаршӣ мулоқот доштанд.
Пештар раиси Кумитаи давлатии идораи замини ТоҷикистонОриф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Тоҷикистону Ӯзбекистон расман таъкид медоранд, ки мушкиле миёни тарафҳо нест ва мулоқотҳои марзӣ миёни ҳайатҳои ду кишвар дар фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ баргузор мешаванд.