Теъдоди ҳалокшудаҳо бар асари таркишҳо дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Креведияи Руминия ба 2 нафар расида, маҷрӯҳон ҳудуди 60 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин бора раиси Шӯрои музофоти Димбовитса, Корнелиу Стефан иттилоъ дода, тафсилоти дигари силсилатаркишҳоро, ки шаби 26 ба 27 август рух додаанд, ироа намуд.
РИА "Новости" аз қавли Стефан овардааст, ки баробари даҳҳо маҷрӯҳу ду кушта, инчунин ҳашт бинои истиқоматӣ бар асари сӯхтор тахриб ва 11 бинои дигар осеб диданд.
Вай афзудааст, баъди он, ки таркиши аввал рух дод, бо вуҷуди талошҳои сӯхторнишонҳо, оташ ба зарфҳои газ паҳн шуд ва пас аз он чанд таркиши дигар садо дод.
Роҳбари Шӯрои музофот таъкид намудаст, ки баъди ҳодиса зиёда аз 3 ҳазор нафар аз макони изтирорӣ берун оварда шуданд.
"Мо хостори вохӯрӣ бо фармондеҳии ҳолатҳои изтирорӣ шудем, то ба зудӣ амал кунанд ва ба мардум имкони ҳарчи зудтар ба хонаҳои худ баргарданд. Дар ин минтақа барои ҳамаи оилаҳои эвакуатсияшуда манзил таъмин хоҳем кард", - нақл кард ӯ.
Стефан изҳор доштаст, ки беруновардашудаҳо бо ғизо ва манзили муваққатӣ таъмин мебошанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба онхо ёрии тиббӣ расонда мешавад.
Ҳоло комиссияе, ки аз ҳисоби коршиносони вазорати муҳити зисти Руминия ташкил шудааст, сифати ҳаворо дар минтақаи хатарнок назорат қарор додасту сипас дар мавриди бозгашти сокинон қарор мекунад.
Мақомоти Румния изҳор медорад, ки аз рӯи ҳолатҳои ин ҳодиса Додситонии кулли кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.