ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дастрасии аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш дар Тоҷикистон беҳтар шудааст, иттилоъ дод вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода.
Вай дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум" гуфт, дар 6 моҳи аввали соли 2023 дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ наздики 1,1 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо гузаронда шуд.
Ӯ афзуд, ки наздики 1,6 ҳазор амалиёти ангиография ва беш аз 1 ҳазор амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ амалӣ шуданд.
"Инчунин ба 319 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ ва 124 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудаанд", - гуфт Абдуллозода.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон афзуд, ки дар ин муддат 30 нафар бемор аз хориҷи мамлакат мебошанд.
Ба гуфтаи Адуллозода, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар муассисаҳои соҳа 12 навгонӣ, аз ҷумла дар соҳаи бемориҳои чашм, дил, меъда, дар амал ҷорӣ карда шуданд.
Тиб дар Тоҷикистон дар қатори тибби кишварҳои пешрафта қарор дорад ва муассисаҳои тандурустӣ бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти соҳавӣ ва мутахассисони варзида таъмин мебошанд, афзуд ӯ.