ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бинобар бориши шадиди борон, омадани сел ва сангфароӣ дар масири Душанбе - Чаноқ ҳаракат дар ин самт мутаваққиф шуд.
Дар ин бора ширкати роҳбон - IRS бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд вазъият хоса дар минтақаи Варзоб хатарзо боқӣ мемонад.
Ин ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағ дар масири пайвандгари маркази Тоҷикистону шимоли ҷумҳурӣ машғул аст, тавзеҳ дод, ки ҳаракати нақлиёт аз самти Душанбе ҷониби Хуҷанд ва аз тарафи Хуҷанд то ноҳияи Айнӣ муваққатан маҳдуд карда шуд.
Техникаҳои филиали Ширкат бетаъхир ба маҳалли офати табиӣ сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ идома дорад, таъкид намуд ширкат.
"Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки моҳияти ин иқдомро дуруст дарк ва тавсияҳои кормандони моро риоя кунанд", - омадааст дар муроҷиатномаи IRS.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар бисёре аз навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти кишвар борон борид.
Қаблан Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 27 ва 28 август ҷумҳуриро ҳавои номусоид фаро гирифта, хатари сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷумла сели боронигариҳои боло меравад.