ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тиб дар Тоҷикистон дар қатори тибби кишварҳои пешрафта қарор дорад ва муассисаҳои тандурустӣ бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти соҳавӣ ва мутахассисони варзида таъмин мебошанд.
Ин нуктаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода дар суҳбат бо нашрияи "Садои мардум" баён дошт.
Ӯ зикр намуд, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояш зикр намуд, ки мақомдорон барои табобат ба хориҷа мераванд ва дастур дода буд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ дар дохил боло бурда шавад.
"Давоми солҳои охир табибони кишвари мо низ ба кишварҳои пешрафтаи олам сафар намуда, бо ҳамкасбони хеш мубодилаи таҷриба намудаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки таҷрибаи табибони мо аз таҷрибаи табибони ҳатто кишварҳои пешрафтаи дунё камие надорад", - гуфт вазир.
Ин таъкид Абдуллозода дар ҳолест, ки қаблан президент дар паёмаш ба парлумон аз сифати таълим ва сатҳи хизматрасонии тандурустӣ интиқод карда буд.
Раисҷумҳур гуфт, ҳамагирии коронавирус нишон дод, ки доштани мутахассисони касбӣ то чӣ андоза муҳим аст. Президент таъкид кард, ки аксари мансабдорон ҳатто барои табобати дарди сару дандон ба кишварҳои хориҷ мераванд.
"Махсусан хизматчиёни давлатӣ ва аъзои ҳукумат, сараш дард кунад медавад хориҷа. Ҷаноби олӣ ҷавоб диҳед, ки хориҷа меравам", - гуфта буд Раҳмон ва афзуд, ки ба табибони худ эътиқод надорем.
Президент таъкид кард, ки дар асри нав бояд ба тарбияи мухатассисони баландихтисос диққат дод, чун агар давлат олимони босавод надошта бошад, танҳо ба фоидаи давлатҳои хориҷӣ кор мекунад.