Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия бори дигар аз НАТО қатъи маблағгузории Киевро талаб кард

Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия бори дигар аз кишварҳои узви НАТО даъват кард, ки интиқоли аслиҳа ба режими Киевро бас кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар сомонаи вазорати корҳои хориҷа гуфт, кишвараш аз раҳбарони кишварҳои НАТО даъват мекунад, ки аз интиқоли силоҳ ба Киев даст кашанд.
ЗАхарова аз кишварҳои узви НАТО хоаст, ки корҳо "дар хона"-и андеша кунанд.
"Табиист, ки мардум дар Ғарб ҳарчӣ бештар аз он нигаронанд, ки миллиардҳо долларе, ки мақомоти давлатҳои худ ба Киев фиристодаанд, метавонист барои беҳбуди зиндагии шаҳрвандони худи кишварҳо истифодашавад. Раҳбарияти кишварҳои НАТО ба ҷои он ки ба режими зудоишудаи Владимир Зеленский беандешона ва бемасъулиятона силоҳ равон кунад, дар хона худ тиҷорат кунад ва ба овози ҷомеаи худ гӯш диҳад”, - навиштааст хонум Захарова.
Намояндаи вазорати корҳои хориҷӣ ёдовар шуд, ки яке аз номзадҳои президенти ИМА Роберт Кеннедӣ гуфтааст, ки интиқоли ҳавопаймоҳои F-16 ба Киев як фалокат барои Украина хоҳад шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: НАТО бар зидди Русия бо дасти Киев ҷанги хунин мебарад
Ҳамзамон, хонум Захарова афзуқд, ахиран Марҷери Тейлор Грин, узви Маҷлиси Намояндагони Амрико, хостори қатъи сарпарастии Киев шуд.
Хонум Грин қайд кард, ки таҳримҳо ноком шуданд, зеро Русия сарватмандтар ва ИМА фақиртар мешавад.