ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд (KFW) шартномаи грантӣ ба имзо расонида шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ахиран бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер маросими баимзорасонии Шартнома байни Вазорати рушди иқтисод ва Бонки KFW баргузор гардид.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар доираи Шартномаи мазкур 13,9 млн. евро грант барои татбиқи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар шаҳри Душанбе ҷудо мегардад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки аз аввали марҳилаи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва Олмон дар маҷмӯъ 44,1 миллион евро грант ҷалб гардидааст.