ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик дар Қазоқистон мулоқот кард,иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки ҳадафи асосии дидор бо диаспора ва соҳибкорони тоҷик гузаронидани суҳбати озод, муколамаи судманд ва бохабар шудан аз кору фаъолияти ҳамватанон дар мусофират мебошад.
Раиси вилоят аз соҳибкорони муқими Қазоқистон даъват кард, ки барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ чун ҳарвақта дар ободонии кишвари саҳмгузорӣ карда, дар равванди шукуфоӣ ва пешрафти ватан бо ташаббусҳои нав иштироки фаъол кунанд.
Таъкид карда шуд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёд ва азнавсозии 6260 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар 1447 бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст, ки нисбати нақшаи умумӣ 23,1% мебошад.
Дар назар аст, ки имсол 1367 иншоотро дар вилоят бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Дар фарҷоми сухан, қайд карда шуд, ки соҳибкорону сармоягузорони бонангу номус барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилию хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ - вилояти Хатлон талош хоҳанд кард.