ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Русия дар 10 соли охир ба бузургтарин иқтисоди Аврупо табдил ёфт, бо вуҷуди беш аз 17,5 ҳазор таҳримҳои ҷоришуда, ба панҷгонаи беҳтарин иқтисоди ҷаҳон дохил шуд, гуфт дар телеграмм канали худ раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин.
"Русия бо вуҷуди беш аз 17 500 таҳримоти ҷорӣшуда, дар ин 10 сол ба бузургтарин иқтисоди аврупоӣ табдил ёфт ва ба панҷгонаи беҳтарини иқтисодҳои ҷаҳон дохил шуд", - таъкид кард оқои Володин.
Вай илова кард, ки таҳримҳо мисли бумеранг баргашта ба худи ташаббускорон зарба заданд.
“Иёлоти Муттаҳида пешсафии иқтисодии худро аз даст дод, аммо кишварҳои аврупоӣ аз ин ҳам бештар зарар диданд", - қайд намуд Володин.
Володин зикр кардааст, ки барои бунёди иқтисоди пешқадам, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, таҳкими соҳибихтиёрии технологӣ ва бунёди иқтидорҳои нави саноатии муосир зарур аст.
Ба гуфтаи ӯ, роҳандозии муколама бо намояндагони доираҳои тиҷоратӣ муҳим аст.
"Мо нақша дорем, ки моҳи октябри соли равон вобаста ба рушди соҳибкории хурду миёна ҷаласаҳои бузурги парлумонӣ баргузор намоем", - афзуд ӯ.