Тоҷикистон дар таъсиси як созмон оид ба забони русӣ ширкат мекунад

Коршиносони кишварҳои иттиҳод тамоми ташаббусҳои пешниҳодкардаи аъзои ИДМ-ро бодиққат омӯхта, дар ниҳоят лоиҳаи созишномаро ба мувофиқа расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) кори муташаккилонаро барои амалӣ намудани идеяи таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ идома медиҳанд.
Ҳамин тавр, дар қароргоҳи ИДМ ҷаласаи гурӯҳи махсус барпо гардид, ки ба рафти омода кардани Шартнома оиди таъсиси ин ташкилот, инчунин Оинномаи он бахшида шуд.
Дар ин чорабинӣ коршиносон аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон онлайнӣ ширкат варзиданд.
Мутахассисон ҳамаи ташаббусҳои ба миёнгузоштаи иштироккунандагони ИДМ-ро бодиққат омӯхта, дар ниҳояти кор лоиҳаи шартномаро қабул карданд.
Аммо барои расидан ба ризоияти комил тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи иловагии гурӯҳ, ки 5 сентябр дар назар аст, баргузор шавад.
Фадеев хостори таълими забони русӣ ба фарзандони муҳоҷирон аз ҳисоби давлат шуд
Пешниҳоди таъсиси Созмони байнулмилалии забони русиро бори нахуст моҳи декабри соли 2021 раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев эълон карда буд.
Ин пешниҳод дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ки моҳи октябри соли 2022 дар Остона баргузор шуд, пуштибонии васеъ пайдо кард.
Ҳадафи Созмони байналмилалии забони русӣ дастгирӣ ва тарғиби забони русӣ дар минтақаи ИДМ хоҳад буд.
Ин сохтор ба ҳифз ва рушди забони русӣ ҳамчун омили муҳими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муошират мусоидат хоҳад кард.
Қаблан раиси Шӯрои ҳуқуқи башар Валерий Фадеев хостори ифтитоҳи муассисаҳои давлатӣ буд, ки дар он кӯдакони хориҷӣ забони русиро омӯзанд. Таълим аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад.