Тиҷорат то 2 млрд доллар расонда шавад: Музокироти Раҳмону Тоқаев дар Остона

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Остона бо ҳамтои қазоқаш нахуст мулоқоти хоса дошта, сипас дар ҳайати васеъ бо иштироки мақомдорон музокирот кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев ҳадаф гузоштаанд, ки ҳаҷми тиҷорати солонаи ду кишварро ба 2 млрд доллар расонанд.
Ин нукта зимни мулоқоту музокироти президентҳо дар шаҳри Остона таъкид гардидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Тоқаев изҳор доштааст, ки Қазоқистон дар низоми умумии робитаҳои иқтисодии хориҷӣ мақоми пешсафро доро мебошад.
"Изҳори итминон карда шуд, ки ҷонибҳо қодиранд нишондиҳандаҳои солонаи тиҷоратии дуҷонибаро дар ояндаи наздик то ба 2 млрд доллар расонанд", - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардидаст, ки гардиши мол миёни ду кишвар дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 600 млн доллар расид.
Роҳбарони ду кишвар зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат, коркарди маҳсулот, саноати кӯҳӣ ва сабук, нақлиёту коммуникатсияҳои транзитӣ, энергетика, маҷмаи агросаноатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ таъкид кардаанд.
Тоқаев ба истиқболи Раҳмон ба фурудгоҳ омад – видео
Инкишоф додани робитаҳои зиёиён, ходимони фарҳанг, адабиёт, санъат ва муассисаҳои маданию гуманитарӣ зарур шумурда шуд.
Дар идомаи сӯҳбат ҳамкориҳои ду кишвар дар самти амният дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчуби ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ баррасӣ гардидаанд.
Дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзию саноатии ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент дар назар аст.