ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон наздики 595 ҳазор зан иқомат доранд, ки дар бахшҳои мухталиф - аз соҳибкорӣ то маорифу тандурустӣ фаъоланд.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе 107 зан қарор доранд, ки 24 нафарашон дар мақомҳои роҳбариянд.
Инчунин 29 нафар зан узви Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе ва 52 нафр узви маҷлисҳои ноҳиявӣ мебошанд.
Дар баробари ин наздики 10 ҳазор зан дар пойтах ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, дар бахши маориф наздики 20 ҳазор нафар, аз ҷумла қариби 300 нафар дар мақомҳои роҳбарӣ фаъоланд.
Теъдоди занони машғули кор дар соҳаи тандурустии пойтахт низ 10 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки зиёда аз 250 нафарашон роҳбар мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа талош дорад, ки онҳоро ҳарчи бештар ба фаъолият дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла ба хизмати давлатӣ ҷалб намояд.
Аз ҷумла, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, Ҷумъа Давлатов дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон гуфт, аз 5937 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1143 нафари он занон мебошанд.
Вай афзуд, ки дар маҷмӯъ, шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 4556 нафарро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 118 нафар зиёд мебошад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, бар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба 30% расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25% расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст.