СҶБ аз афзоиши сирояти COVID-19 дар ҷаҳон хабар дод

Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) хабар дод, ки ҳолати сироят ба COVID-19 дар ҷаҳон дар моҳҳои ахир 63 дарсад афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Тибқи иттилои СҶБ аз 24 июл то 20 августи соли равон дар саросари ҷаҳон тақрибан 1,5 миллион ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба 28 рӯзи қаблӣ 63% зиёд будааст.
"Дар тӯли 28 рӯзи охир (аз 24 июл то 20 августи соли 2023) дар шаш минтақа СҶБ тақрибан 1,5 миллион ҳолати нави сироят ба COVID-19 ва беш аз ду ҳазор фавтро ба қайд гирифтааст, ки мутаносибан 63% зиёд ва 48% кам аст", гуфта мешавад дар гузориши СҶБ.
Тибқи маълумоти ин созмон, шумораи ҳолатҳои нав дар минтақаи Аврупо (11%), минтақаи ғарбии Уқёнуси Ором (88%) ва минтақаи Шарқии Баҳри Миёназамин (112%) афзоиш ёфтааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Амрикоро боз навъи нави коронавирус домангир кард
Др ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, сироятёбӣ дар минтақаи Африқо (84%) ва минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (45%) коҳиш ёфтааст.
СҶБ тавзеҳот медиҳад, ки аксарияти ҳолатҳои нави сироятёбӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи ин санад, шумори фавтидагон аз COVID-19 дар Русия дар як моҳ 51% коҳиш ёфта, 166 нафарро ташкил додааст, дар ҳоле ки теъдоди гирифторони бемории COVID-19 дар кишвар 32% кам шуда, 12043 ҳолати навро ташкил додааст.
То 20 августи соли 2023 дар саросари ҷаҳон беш аз 769 миллион ҳолати тасдиқшуда ва беш аз 6,9 миллион фавт ба қайд гирифта шудааст.