Санаи баргузории синамоҷашни байналмилалии "Тоҷи Сомон" маълум шуд

Қарор аст, ки синамоҷашни байналмилалӣ моҳи октябр доир шавад, ки дар он синамогарони кишварҳои Осиё ва Аврупо иштирок ширкат варзанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Синамогарони номвари давлатҳои хориҷӣ дар синамоҷашни байналмилалӣ иштирок карда, беҳтарин филмҳои худро ба намоиш мегузоранд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Ба иттилои манбаъ, Ҷашнвора бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15 то 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе мегузарад.
Ин чорабинии фарҳангӣ моҳи октябр дар Душанбе нахустин Синамоҷашни байналмилалии Душанбе – "Тоҷи Сомон" бо унвони "Таърихи рушди тоҷикон" баргузор мегардад.
Вазири фарҳанг замони анҷоми сохтмони Театри миллии Тоҷикистонро гуфт
Манбаъ қайд кардааст, ки қарор аст дар ин чорабинӣ ҳунарпешагон ва синамогарони номвари давлатҳои хориҷӣ иштирок карда, беҳтарин филмҳои худро ба намоиш гузоранд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ он дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино дар доираи "Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" иборат мебошад.