ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Пайкараи биринҷии Абӯалӣ ибни Синоро муҷассамасозони тоҷик сохта, мақомдорони Қазоқистон дар шаҳри Остона насб намуданд.
Дар ин бора Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, ифтитоҳи нимпайкара дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон баргузор шуд.
Дар маросим вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Асхат Оралов ва вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, инчунин масъулини ҳукумати шаҳри Остона ва намояндагони зиёиёни эҷодкори ду кишвар ширкат варзиданд.
Хабар дода шуд, ки ҳайкали олим ва файласуфи бузург дар боғи кӯчаки назди Храпатогои ноҳияи Алмаатои шаҳри Остона гузошта шуд.
Санги асоси нимпайкара аз хоро сохта шуда, дастрасии онро барои нимпайкараи биринҷии Сино, ҳукумати пойтахти Қазоқистон таъмин кардааст. Баландии муҷассама беш аз 3 метр мебошад.
Вазири фарҳанги Қазоқистон таъкид намудаст, ки ном ва осори Ибни Сино дар тамоми ҷаҳон маълум аст ва муҷассама ба шарафи ӯ робитаи амиқи таърихии тоҷикону қазоқҳоро нишон медиҳад.
Ифтитоҳи муҷассама, яке аз силсилаи чорабиниҳоест, ки дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон сурат мегирад.
Дар маҷмӯъ, дар доираи ин рӯзҳо дар Остона, Алмаато ва Шимкент баргузории намоиши филмҳо, консертҳо ва намоишгоҳҳо ба нақша гирифта шудаанд.