ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Расман рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон шоми 25 август бо иштироки сарони ду давлат оғоз хоҳад шуд.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои қазоқаш Қосим Ҷомарт Тоқаев дар ҳунарнамоӣ дар Театри давлатии опера ва балети "Астана Опера" иштирок мекунанд.
Дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳо дар назар аст, афзуд манбаъ.
Дар барномаи консертӣ ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Каримӣ Ватанмир, Исмоил Назриев, Раҳматулло Ҳошимов, Маҳмадалӣ Аюбӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Инчунин иштироки ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ, Ҷовидон Нозимов, Носир Сафарзода, Муҳаммадрафии Кароматулло дар назар аст.
Дар феҳрасти иштирокдорон, ҳамчунин, ситораҳои эстрадаи тоҷик, ҳунарпешагон Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова, Шарофат Усмонова, Ҳақназар Аловатов, Ситораи Кароматулло, Фотима Машрабова низ зикр гардидаанд.
Ансамблҳои рақсии "Зебо", "Гулрез", "Парасту", "Ҷаҳоноро" ва "Лола" низ дар барномаи консертӣ ширкат меварзанд.
Дар маҷмӯъ рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон то 29 августи соли 2023 идома ёфта, дар ҷараёни баргузории он 110 нафар намояндагони аҳли фарҳанг ва санъату ҳунари тоҷик ширкат менамоянд.