Ҳаракати бемонеаи пул, қувваи корӣ ва хадамот: Мишустин гуфт, ИИАО бояд худкифо бошад

Раиси ҳукумати Русия хостори таҳкими фаъолият барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон дар ҳудуди ИИАО шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ташаккули бозорҳои умумии молу хизматрасонӣ, молияву сармоягузорӣ ва инчунин - қувваи корӣ самти афзалиятноки фаъолияти минбаъда дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хоҳад шуд.
Ин нуктаро сарвазири Русия Михаил Мишустин зимни ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ИИАО баён дошт.
Таъкид гардид, ки кор дар созмон барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ва фаъолияти соҳибкорӣ равона мегардад.
Ба гуфтаи Мишустин, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бояд ба макроминтақаи худкифо табдил ёбад.
Яке аз вазифаҳои муҳим ташкили фазои ягонаи таъминоти кафолатноки молу захираҳои асосӣ мебошад. Сухан пеш аз хама дар бораи амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ меравад, тавзеҳ дод сарвазири Русия.
Ҳамаи кишварҳои ИИАО рушдро таъмин кардаанд
Ӯ зикр намуд, ки ИИАО аз рӯи истеҳсоли гандум, картошка ва маҳсулоти чорводорӣ дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол мекунад.
Дар охири соли 2022 афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ қариб ба 9,5% ва дар нимсолаи аввали соли 2023 ба 3% наздик шуд, илова намуд сарвазир.
Кишварҳоши узви ИИАО минбаъд низ ҳамчун таъминкунандагони боэътимоди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ баромад мекунанд.
Мишустин зикр намуд, ки кишварҳои “панҷгона” бо газ, нафт, маҳсулоти нафтӣ ва нерӯи барқ ​​пурра таъминанд.
Сарвазир ҳамчунин аҳамияти кори муштаракро барои таҳкими иктишофи геологӣ ва инфрасохторро таъкид намуд, ки барои таъмини устувор ва бефосилаи мардум ва корхонаҳо бо захираҳо зарур аст.