Гӯшаи адабиёти тоҷик дар Қазоқистон ифтитоҳ мегардад

Вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон аз муштаракоти фарҳангию таърихӣ бо мардуми Тоҷикистон гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкориҳо дар ин бахш таҳким меёбанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар Китобхонаи миллии академии Қазоқистон гӯшаи адабиёти тоҷик кушода мешавад.
Дар ин бора вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Асхат Оралов дар пайи мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Зулфия Давлатзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ифтитоҳи гӯшаи адабиёти тоҷик дар китобхонаи миллии Қазоқистон соли оянда ба назар гирифта шудааст.
Вазири фарҳанг ва варзиш зикр намуд, ки миёни китобхонаҳои миллии Тоҷикистону Қазоқистонсозишномаи ҳамкорӣ амал мекунад.
Вай тавзеҳ дод, ки тибқи ин созишнома китобхонадорони ду кишвар дар самти ҳифзи ҳуҷҷатҳои хаттӣ ва чопӣ, асноди бойгонӣ ва осорхонавӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Консерти беш аз 100 ҳунарманди тоҷик дар Остона бо иштироки президентҳои 2 кишвар
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон, ки то 29 август давом мекунад, чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ ва мулоқоти зиёиёни ду кишвар дар назар аст.
Расман рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон шоми 25 август бо иштироки сарони ду давлат оғоз хоҳад шуд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои қазоқаш Қосим Ҷомарт Тоқаев дар барномаи фарҳангӣ дар Театри давлатии опера ва балети "Астана Опера" иштирок мекунанд.
Дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳо дар назар аст, афзуд манбаъ.