ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ вориди Қазоқистон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раҳбари ҷумҳуриро раиси Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ, сарвазир Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Ҳамин тариқ, дар ин сафар раисиҷумҳурро Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, вазирони фарҳанг, кишоварзӣ, саноат ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Қосимҷомарт Тоқаев ба Қазоқистон сафар кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин сафар мулоқотҳо дар сатҳи олӣ дар назар аст.
Қарор аст, ки дар он "масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, логистикӣ ва сармоягузорӣ" баррасӣ шаванд.
Илова бар ин, раҳбарони ҷумҳуриҳо дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон ширкат мекунанд ва ҳамзамон раҳбарон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дидан хоҳанд кард.