Дар Дания сӯзондани Қуръони каримро қонунан манъ хоҳанд кард

Ин тасмим, вокуниш ба силсилаи иқдомҳои сӯзонидани китоби муқаддаси мусалмонон дар кишвари ҳамсояи Шветсияи аст, ки боиси эътирози чандин кишварҳо шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Мақомоти Дания тасмим дорад тарҳи қонунеро, ки тибқи он барои сӯзондани Қуръони карим муҷозот пешбинӣ мешавад, баррасӣ намояд.
Дар ин бора хабаргузории фаронсавии AFP бо такя ба вазорати адлияи ин кишвар хабар додааст.
Қайд мешавад, ки ин тасмим ба далели силсила эътирозҳо дар кишварҳои мусалмонӣ, гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки эътирозҳо дар кишварҳои мусалмонӣ баъд аз сӯзондани китоби Қуръон дар Шветсия аз сӯйи як тундгаро дар назди масҷиди Стокҳолм, оғоз шуд.
Бояд гуфт, ки ҳодиса моҳи январи соли равон рух дода буд. Сиёсатмадори даниягӣ Расмус Палудан низ дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм Қуръонро сӯзонда буд.
Вазорати хориҷаи Эрон сӯзондани Қуръон дар Шветсияро маҳкум кард
Сипас ӯ ҳамин корро дар пойтахти Дания - Копенгаген ҳам анҷом дода буд.
Қаблан дар бораи нақшаҳои нави сӯзондани Қуръон дар Шветсия расонаӣ шуда буд.
Муҳоҷир Салван Момика барои баргузории чунин чорабиниҳо ба мақомоти Стокҳолм, Малмо ва Уреб 12 дархости нав фиристод.