ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Муовини сиёсии вазорати умури хориҷаи ҳукумати толибҳо Шермуҳаммад Аббос Станакзай дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфтааст, ки агар Амрикои Иморат Исломиро ба расмият бишносад ва сифораташро дар Кобул бозгушоӣ кунад, кишварҳои дигар низ ҳукумати Афғонистонро ба расмият хоҳанд шинохт.
Вай иддао кардааст, ки дар мулоқот бо мақомоти кишварҳо ба хусус кишварҳои узви НАТО ва ҷомеъаи аврупоӣ, онҳо ба мо мегӯянд, ки агар ихтилофоти худро бо Амрико ҳал кунед, ҳозирем, ки ба Афғонистон биёем.
Муовини сиёсии вазорати хориҷаи толибон ҳамчунин аз нақзи ҳарими ҳавои Афғонистон аз сӯии Амрико ва кишварҳои ҳамсояи интиқод.
Вай тавзеҳ дод, ки қувои ҳавои кишвар акнун имконоти кофӣ барои муқобила бо ин нақзи ҳаримҳо дар ихтиёр надорад.
Ёдовари мекунем, ки чанде пеш Мулло Ҳасан Охунд, нахуствазири толибон* дар нишасте зери номи "Конфронси иқтисодии Афғонистон" аз тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои исломӣ даъват карда буд, ки бо ба расмият шинохтани Толибон, соҳибистиқлол будани худро нишон диҳанд.
Нахуствазири Толибон гуфтуу буд, ки Иморати исломӣ тамоми меъёрҳои ба расмият шинохтанро такмил кардааст ва ҷаҳон бояд бе ҳеҷ интизории дигаре ҷуръат кунаду онҳоро ба расмият бишносад.
Ҳасанд Охунд аз кишварҳои исломӣ хоста буд, ки дар бар расмият шинохтани давлати Толибон пештоз шаванд.
Ҳарчанд аз ба қудрат расидани толибон* то кунун наздик ба ду сол мегузарад, аммо то ҳол ҳеч кишваре ҳукумати Толибонро эътироф накардааст.
Кишварҳои гуногуни ҷаҳон, пешшартҳои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибонро аз қабили ташкили ҳукумати фарогир, эҳтиром ба ҳуқуқи башар, ҳуқуқи зан, озодии баён ва арзишҳои дигари инсониву ҷаҳонӣ гузоштаанд.
*- созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад