ДУШАНБЕ, 24 август — Sputnik. Дипломатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия пешниҳод мекунанд, ки дар Екатеринбург ва Челябинск муҷассамаҳои ҳамватанон - қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнат гузошта шаванд.
Дар ин бора хабаргузории ӯзбекистонии "Dune" менависад.
Гуфта мешавад, ки қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнат дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар корхонаҳои мудофиаи Урал кор мекарданд.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Екатеринбург раҳбарони консулгариҳои генералии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дидору гуфтушунид кардаанд.
Дар ҷаласа масъалаи дар шаҳр гузоштани муҷассама муҳокима шуд.
"Дар Урал <...> абадӣ гардондани номи ниёгони мо ба афзудани эҳтироми халқҳоямон дар байни насли навраси Русия, тарғиби қаҳрамонии ниёгон дар ҷабҳаи меҳнат мусоидат мекунад", — мегуяд манбаъ.
Дар робита ба ин, барои татбиқи ташаббус дипломатҳо ба ҳокимони вилоятҳои Свердловск ва Челябинск, инчунин намояндаи ваколатдори президенти Федератсияи Русия дар ҳавзаи федеролии Урал мактубҳои расмӣ ирсол хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки феълан дар Тоҷикистон 37 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо дар вилояти Хатлон – 14 нафар дар қайди он ҳастанд.
Дар ҳоле ки дар шимоли кишвар, дар вилояти Суғд - 11 ва дар Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 6 нафарӣ дар қайди ҳаётанд.
Бино ба додаҳо, аз Тоҷикистон ба ҶБВ ҳудуди 300 ҳазор нафар рафтанд, ки қариб 20% аз аҳолии он даври ҷумҳуриро ташкил медод. Дар он ҷанги хонумонсӯз беш аз 100 ҳазор тан ҷони худро аз даст доданд.