Тақдими либоси мактабӣ ба фарзандони бархе аз омӯзгорон дар Суғд

Дар остонаи соли нави хониш дар вилояти Суғд ба фарзандони бархе аз омӯзгорон сару либоси мактабӣ ҳадя карданд ва ин раванд ҳоло ҳам идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд барои дастгирии моддии омӯзгорон ва эҳтиёҷмандони фаъол ин соҳа иқдом кардааст.
Масъули матбуотии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд, Анушервон Музаффарзода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба фарзандони беш аз 60 омӯзгор сару либоси мактабӣ тақдим шуд.
"Феҳристи хонандагон аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд пешниҳод гардиданд", – гуфт Музаффарзода.
Вай афзуд, ки ин раванд ҳоло ҳам идома дошта, иқдоми хайрро дар мавриди омӯзгорон давом медиҳанд.
Ин масъули Иттифоқи касаба афзуд, дар давраи таътили тобистона то ин вақт беш аз 1800 омӯзгор барои табобату фароғат ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд.
Кӯлвор бо лавозимоти хонишу навиштафзорҳо чанд сомонист?
Дар машварати августии омӯзгорон, ки дар Хуҷанд баргузор гардид, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф дар Суғд, Мӯсобек Самизода дар бораи назорати ҷамъиятӣ оиди тақсими одилонаи соатӣ дарсӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон таъкид намудааст.
Бино ба маълумоти Идораи маориф дар соли хониши 2022 -2023 дар вилояти Суғд 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда, дар онҳо беш аз 571 ҳазор хонанда ба таълим фаро гирифтаанд. Интизор меравад, ки дар соли хониши нав шумораи хонандагон бештар хоҳад шуд.