ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Қазоқистон меравад.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Қазоқистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст ин сафар тайи рӯзҳои 25-26 август доир шавад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни сафар музокироти сатҳи олӣ сурат гирифта, дар рафти он масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, логистикӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ мешаванд.
Сарони ду кишвар ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон ширкат карда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дидан хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки ин дуввумин сафари кишвардори Тоҷикистон давоми як соли ахир ба Остона хоҳад буд.
Эмомалӣ Раҳмон ахиран 3-4 майи соли 2023 ба ин кишвар сафар карда буд.
Дар ин сафар низ дидорҳо дар сатҳи олӣ ва дигар намояндагони воломақоми Қазоқистон, Форуми соҳибкорӣ ва ҷаласаи сеюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон доир гардида.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар, аз рӯи натиҷаҳои он дар маҷмуъ беш аз 60 санади нав ба имзо расид.
Таъкид шудааст, ки барои татбиқи ин ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалби зиёда аз 2, 6 миллиард доллари америкоӣ дар назар аст.