ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дастаи "Хуҷанд" дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 аз тими "Марв"-и Туркманистон шикаст хӯрд, иттилоъ дод Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои ФФТ, бозӣ дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи тими меҳмон поён ёфт.
Даври аввали бозӣ бидуни гол анҷом ёфт ва даври дуюм бо ҳисоби 1:1 бидуни муайян шудани ғолиб ба поён расид. Дар даври дуюм нахуст голро тими Туркманистон ба ҳадаф расонданд, аммо тими "Хуҷанд" тавонист ҳисобро баробар кунад.
Муаллифи гол аз ҷониби Туркманистон Мурод Яхшиев ва аз ҷониби Тоҷикистон Парвиз Боқиев шуданд.
Дар натиҷаи муайян нашудани ғолиб дар вақти асосӣ, тибқи қоида ду даври 15-дақиқаии дигар таъйин шуд. Дар ин давр Мурод Овезмуродов бо як гол барои тимаш пирӯзӣ овард.
Тими тоҷикистонӣ дар пайи бохт дар майдони худ аз ҳаққи иштирок дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё - 2023/24 маҳрум шуд.
Дар сурати муваффақ шудан дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО бошгоҳи футболи "Хуҷанд" дар баробари бошгоҳҳои "Равшан" (Тоҷикистон), "Алтин Асир" (Туркманистон) ва "Абдиш-Ата" (Қирғизистон) ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи гурӯҳии минтақаи марказиро пайдо мекард, ки амалӣ нашуд.
Даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ 20 сентябр оғоз шуда, то 14 декабр давом мекунад.