ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар соли таҳсили 2022-2023 дар вилояти Хатлон 85 муассисаи таълимӣ сохта шуд.
Дар ин бора Давлаталӣ Саид - раиси вилоят изҳор доштааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир сохтмони 315 иншооти дигар идома дорад.
Ҳамин тариқ, агар дар соли таҳсили 2021-2022 дар вилояти Хатлон беш аз 1,3 ҳазор муассисаи таҳсилотӣ фаъолият дошт, дар солҳои 2022-2023 бошад ин нишондиҳанда ба қариб 1,4 ҳазор муассиса расид.
Илова бар ин, Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки намояндаи вилоят барои аввалин бор баъд аз истиқлолияти кишвар дар озмуни "Муаллими сол" мақоми аввалро касб кардааст.
"Ин боиси ифтихор аст", - гуфт раиси вилояти Хатлон.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, нишондиҳандаҳои маблағгузории соҳаи маорифи вилоят аз 1,1 миллиард сомонӣ ба 1,3 миллиард расидааст.