Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин: Киев ба сарбозони худ чун бо бегонагон муносибат мекунад

Раисҷумҳури Русия аз бархӯрди мақомдорони Украина бо сарбозонашон изҳори ҳайрат кард, ки онҳоро ба майдонҳои минакоришуда пеш меронанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Мақомоти Украина мардуми худро ба "ҳамла" тела дода, тавре рафтор мекунанд, ки гӯиё онҳо шаҳрвандашон нестанд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷумҳурии мардумии Луганск Леонид Пасечник баён дошт.

"Ман баъзан назар мекунам, ки тарафи дигар чӣ кор мекунад. Чунин таассурот ҳосил мешавад, онҳоеро, ки ба пеш ба майдони минакоришуда тела медиҳанд, одамонашон нестанд. Тавре рафтор мекунанд, ки гӯё шаҳрвандони онҳо нестанд", - изҳор дошт Путин.

Президенти Русия гуфт, чунин ҳолат такондиҳанда мебоошад, аммо ин мушкили худи Киев аст. Вай дар маҷмуъ вазъ дар хатти ҷабҳаро муътадил гуфт.
Пасечник дар навбати худ ба сарвари давлат хабар дод, ки вазъ дар Луганск бинобар наздик будани хатти фронт мураккаб мебошад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: НАТО бар зидди Русия бо дасти Киев ҷанги хунин мебарад
Путин қайд кард, тими роҳбарикунандаи Луганск дар маҷмуъ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои гузошташуда хуб баромад.
Вай аз мардум тавсиф кард, ки дар ҷояш намеистад, мунтазир намемонад, ки касе ба ӯ даст дароз кунад, худашон кор мекунанд ва метавонанд.
Раисҷумҳури Русия итминон дод, ки Маскав ба ҷумҳурии мардумии Луганск дар ин раванд кумак хоҳад кард.