ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Омӯзгори ҷавони фанни физикаи Литсейи политехникии Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд, Ҷӯрабой Бобоҷонов ҷоизаи раиси вилояти Суғдро гирифт.
Ба иттилои раёсати маорифи Суғд, ҷоизаи Раиси вилоят дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи хотиравии мақомоти маҳаллӣ ба Бобоҷонов зимни ҷаласаи тантанавӣ тақдим гардид.
Манбаъ омӯзгори ҷавонро навовару эҷодкор хондаст, ки аз усулҳои нави таълим кор мебараду шогирдонаш ҳамасола дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд.
Зикр гардидаст, ки Бобоҷонов ҳамчунин роҳбари маҳфили фанни физикаи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят буда, хонандагони боистеъдоду болаёқатро ба озмуну олимпиадаҳо омода месозад.
Манбаъ афзуд, аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Суғд аз дарси Бобоҷонов дидан намуда, ба фаъолияти касбии ӯ баҳои баланд дода буд.
Ба иттилои раёсати маорифи Суғд, заҳмату талошҳои Ҷӯрабой Бобоҷонов аз сӯи давлат қадрдонӣ гардида, соли 2020 соҳиби унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон шуд.
Соли 2021 бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва чандин ифтихорномаю сипосномаҳо қадршиносӣ шудааст, афзуд манбаъ.