ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз кишварҳои узви БРИКС даъват кард, ки ҳисоббаробаркуниро бо пули миллӣ густариш ва ҳамкориҳои байнибонкиро тақвият бахшанд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
"Мо дар татбиқи минбаъдаи ҳамаҷонибаи стратегияи шарикии иқтисодии БРИКС то соли 2025 ва таҳияи дастурҳои нави дарозмуддат саҳм мегузорем. Дар байни онҳо мо афзоиши нақши давлатҳои худро дар низоми байналмилалии асъор ва молиявӣ, рушди ҳамкориҳои байнибонкӣ, тавсеаи истифодаи пули миллӣ ва амиқтар кардани ҳамкориҳо дар соҳаи андозу гумрук, мақомоти зиддиинҳисорӣ мушоҳида дорем”, гуфт Путин дар мулоқоти сарони кишварҳои БРИКС дар ҳайати васеъ.
Инчунин, Президенти Русия Владимир Путин аз ташаккули низоми боадолати ҷаҳонӣ бо эҳтироми ҳамаи кишварҳо гуфт.
Ҳамоиши БРИКС 22 август дар Йоҳаннесбург оғоз шуда, 3 рӯз идома меёбад ва 24 август ба поён мерасад. Ҳузурӣ Русияро дар ин ҳамоиш вазири корҳои хориҷӣ, Сергей Лавров намояндагӣ мекунад.
Қаблан дипломати аршади Африқои Ҷанубӣ, Налди Пандур гуфт, беш аз 40 кишвари ҷаҳон хоҳиши пайвастан ба БРИКС-ро изҳор карда, 23 кишвар расман дархости худро фиристодаанд.
Аргентина, Туркия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Сенегал, Алҷазоир, Эфиопия, Эрон ва Индонезия аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки расман муроҷиат кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир ба ин созмон Русия, Бразилия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ шомиланд.