Таҳияи рӯйхат: Бештар кӣ дар роҳҳои Душанбе қоидаро вайрон мекунад?

Бархе аз ронандаҳои воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе то 50 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд, аммо ҷаримаи онро пардохт накардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Душанбе дидаю дониста вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт, махсусан аз сӯи ҷавононро мояи нигаронӣ хондааст.
Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, вақтҳои охир баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, алалхусус - ҷавонон дидаву дониста талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона сарфи назар намуда, ин амалҳои номатлуби худро идома медиҳанд.
Маъмурини милиса ҳисоб кардаанд, ки бархе ронандаҳо даҳҳо бор қоидаҳоро вайрон кардаанду ҷарима насупоридаанд.
Омори маргу мир дар роҳҳои Хатлон
Мақомот рӯйхати ронандагонеро таҳия кардаанд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, ҷаримаҳоро пардохт накардаанд.
Қонуншиканиҳо тавассути воситаҳои махсуси “Шаҳри бехатар” сабт гардида, дар садри рӯйхат ронандаи "Тойота", як сокини шаҳри Душанбе қарор дорад, ки 50 бор қоидаҳоро вайрон намудааст.
Дар ин рӯйхат дар баробари сокинони Душанбе, инчунин сокинони навоҳии Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Душанбе низ ҳастанд, ки даҳҳо бор дар роҳҳои пойтахт қонуншиканӣ намудаанд.
Дар ин робита Раёсати умури дохилии Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хоҳиш кардааст, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, бо ин амали шоистаи худ садамаҳои нақлиётиро пешгирӣ намоянд.