ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар соли хониши 2022-2023 дар вилояти Суғд 10 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 21 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият кард.
Дар ин бора зимни ҷаласа бо иштироки роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири маорифу илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар умум муассисаҳои олию касбии вилоят зиёда аз 66 ҳазор нафар донишҷӯёнро бо таълим фаро гирифтаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд афзуд, ки дар ин муассисаҳо наздики 3,9 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд, ки чоряки онҳо дорои унвонҳои илмӣ мебошад.
"Аз онҳо 120 нафар профессору доктори илм ва 845 нафар номзади илм аз рӯи 120 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки нақши донишҷӯёни Суғд дар самти иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ назаррас мебошад.
Аз ҷумла, соли ҷорӣ 16 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ, 67 нафар ғолиби озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва 104 нафар ғолиби озмунҳои вилоятӣ гардиданд, таъкид шудаст дар ҷаласа.
Раиси вилояти Суғд ба масъулин таъкид намуд, ки шароити мактабҳо дар шимоли ҷумҳурӣ боз ҳам беҳтар гардонида шаванд.