ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Нисбати як масъули баландмақоми корхонаи истихроҷи нафт дар шаҳри Исфара бо ҷурми азхудкунии маблағҳои калони пулӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ин бора сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар Суғд Шараф Назарзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, иҷрокунандаи вазифаи директори генералии Ҷамъияти муштараки дорои масъулиятми маҳдуди "Петролеум – Суғд" ноқилҳои хатти алоқаро дар мавзеъҳои Нефтобод – Конибодом фурӯхта, бо ин роҳ ба корхона зарари молӣ расонидааст.
"Директор ноқилҳои ҷамъиятро ба андозаи 10,3 ҳазор метр бе риояи ҳуҷҷатгузории расмӣ ба як шаҳрванд бар ивази 50 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағи ба дастомадаро ба манфиати шахсии худ истифода бурдааст” – гуфт сардори раёсат.
Вай афзуд, ки ҷамъи ноқилҳо беш аз 1,6 ҳазор кило метали рангаи мис ва қариб 10 кило метали сурб дошта, нархи аслии он зиёда аз 251 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
Вобаста ба ин, маъмурони Идораи мубориза бо фасод алайҳи директори генералии “Петролеум Суғд” тибқи моддаи 245 барои азонихудкунӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Зимнан парванда ба суд ирсол шудааст.
“Петролеум Суғд” аз корхонаи азими саноатӣ дар шаҳри Исфара маҳсуб мешавад, ки ба истихроҷ ва коркарди нафт дар кишвар машғул аст.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ Ожонси мубориза бо фасод 256 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро дар Суғд ошкор ва ба қайд гирифта, аз ин ҳисоб беш аз 4 млн сомонӣ маблағи зарар аз рӯи ин ҷиноятҳоро маълум намудааст.