Мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпионати CAFA 2023-ро бо пирӯзӣ оғоз кард

Наврасони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рақибони афғонистонияшонро дилпурона мағлуб карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тими ҷавонони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 аввалин пирӯзӣ ба даст овард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.
Рақобати аввали мунтахаби кишвар дар доираи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (U-17) доир шуд.
Ҷавонони тоҷик тавонистанд, ҳамсолонашон аз Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст диҳанд.
Қобили зикр аст, ки даста таҳти роҳбарии Далер Каёсов баромад мекунад.
Голи аввали тими кишварро Парвиз Бобоназаров ва дуи дигарро Муҳаммад Назриев вориди дарвозаи ҳариф сохт.
ФФТ гуфт кай мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Русия бозӣ хоҳанд кард
Дар вохӯрии дигар мунтахаби Ӯзбакистон бо Ҷирғизистон вориди майдон шуда, :0 пирӯз шуд. Ин дуюмин бурди паиҳами онҳост.
Қаблан футболбозони Қирғизистон аз тими Афғонистон бо ҳисоби 3:0 шикаст хӯрда буданд.
Акнун мухлисон бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ хоҳанд кард. Дар бозии дигар Эрон ва Афғонистон низ вомехӯранд.
Вохӯриҳо то рӯзи сешанбеи 22 август идома хоҳанд кард.
Дар рӯзи охирини мусобиқот, яъне 27-уми август, бозиҳои Афғонистону Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Эрон дар назар аст.