Квотаи воридоти бархе аз навъҳои маҳсулот миёни кишварҳои узви ИИАО мушаххас шуд

Ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё квотаҳои тарифӣ барои воридоти баъзе навъҳои маҳсулоти гӯштӣ ва шириро муқаррар ва тақсимбандӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Миёни тавлидоту истеъмоли бархе аз намудҳои маҳсулот дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тавозуни манфӣ сурат хоҳад гирифт, иттилоъ дод Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба иттилои манбаъ, барои ворид кардани бархе аз анвои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба қаламрави ИИАО квота бо назардошти талаботу истеъмол муайян мешавад.
Комиссия мегӯяд, муайян шудааст, тибқи пешбиниҳо фарқият миёни истеъмол ва талабот аз ҷумла дар мавриди гӯшти чорвои калони шохтор дар ҳаҷми қариб 205 ҳазор тон, гӯшти хук - 60 ҳазор тон, гӯшти мурғ - қариб 211 ҳазор тон ва маҳсулоти ширӣ беш аз 10 ҳазор тонро ташкил медиҳад.
Дипломатҳои ҷавони ИИАО ҳамгироиро баррасӣ карданд
Квотаҳо барои Русия ва Қазоқистон тибқи асноди узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва барои Арманистон, Белорус ва Қазоқистон бар асоси фарқият миёни истеҳсолу талабот ва ҳаҷми дархосташон муайян мешавад.
Ҳамин тариқ, барои воридоти гӯшти чорвои калони шохдор барои Арманистон квота дар ҳаҷми 9 ҳазор тон, барои Қазоқистон - 21 ҳазор тон, Қирғизистон 5 ҳазор, Русия - 570 ҳазор тон ва Белорус - 2 ҳазор тон муқаррар шудааст.
Квотаи гӯшту маҳсулоти мурғӣ барои Арманистон беш аз 39 ҳазор тонна, барои Беларус қариби 11 ҳазор тонна, ҷумҳурии Қазоқистон - 140 ҳазор тонна, Қирғизистон - 58 ҳазор тонна ва барои Русия 364 ҳазор тонна таъйин гардидаст.
Воридоти гӯшти хук барои Арманистон дар ҳаҷми 12 ҳазор тон, Белорус - 20 ҳазор тон ва Қирғизистон 2 ҳазор тон муқаррар шудааст.
Квота барои воридоти маҳсулоти ширӣ ба Арманистон дар ҳаҷми 1,2 ҳазор тонна ва Русия ба андозаи 15 ҳазор тонна мушаххас гардидаст.
Квота тарифи арзиш ё миқдори моли воридотиро муайян мекунад, ки овардани он аз хориҷ бо меъёри муқаррарӣ боҷбандӣ мешавад ва агар аз он бештар гардид, боҷи нисбатан баландтар ситонда мешавд.