ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Даври навбатии “рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон” дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ моякӯби дар тамоми нуқоти Тоҷикистон ғайр аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Рашт ва Нуробод сурат мегирад.
Вазорати тандурустии кишвар ёдовар шудааст, ки дар нимаи аввали соли равон моякӯби бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон” дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Рашт ва Нуробод гузаронида шуда буд.
Қайд гардидааст, ки даври навбатии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар марҳилаҳои зерин гузаронида мешавад:
Аз 21 то 31 августи соли равон - байни кӯдакони синнашон аз 6 моҳа то 7 сола
Аз 1 то 16 сентябри соли равон - байни кӯдакони синнашон аз 7 то 15 сола
Вазорати тандурустӣ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки кӯдаконашонро барои моякӯбӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ба муассисаҳои тиббии ҷойи зист биёранд.