ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тоҷикистон ҳаҷми содирот ба Русияро афзоиш дод.
Дар ин бора таҳлили нишондиҳандаҳои идораҳои омори ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Қайд карда мешавад, ки ҷумҳурӣ содироти маҳсулотро 1,9 баробар зиёд кард. Ҳоло муомилоти мол байни давлатҳо ба 84,2 миллион доллар мерасад.
Илова бар ин, ба сегонаи аввал Арманистон ва Озарбойҷон шомиланд, ки афзоиши содирот мутаносибан то 1,7 миллиард доллар ва 621,1 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳамин тариқ, аз таҳлили маълумоти РИА "Новости" бармеояд, ки содироти коло аз кишварҳои дӯсти ҳамсоя ба Русия дар нимсолаи аввали соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Тадқиқот дар асоси маълумоти идораҳои миллии омори давлатҳои кишварҳои ҳамсоя, ба истиснои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо гузаронида шудааст.
Аммо Беларус, Туркманистон ва Молдова нишондиҳандаҳои дахлдорро барои нимаи моҳи август ифшо накардаанд.