Собирӣ рафт: Эрон киро ба Тоҷикистон ҳамчун сафир мефиристад?

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон cафири Эрон дар Тоҷикистонро бино ба поён расидани маъмурияти дипломатияш ба ҳузур пазируфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар рафти суҳбат бо сафири Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақии Собирӣ вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи ду кишварро баррасӣ кард.
Вазир ба сафири Эрон барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои расонаҳои Эрон имкон дорад Алиризо Ҳақиқиён, мудири кулли АвруОсиёи вазорати умури хориҷаи Эрон, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин шавад.
Аз "мани" мо "мантаранд”: Худоҳофизии сафири Эрон бо мардуми Тоҷикистон - видео
“Алиризо Ҳақиқиён, мудури кули АвруОсиёии вазорати умури хориҷа низ бар асоси бархе аз гумоназаниҳои расонаӣ эҳтимолан дар ояндаи наздик ба унвони сафири Эрон дар яке аз кишварҳои осёнаҳи миёнаи машғӯл ба фаъолият хоҳад шуд”, - навиштааст хабаргузории ИСНА.
Ба иттилои ҳамин расона оқои Ҳақиқиён пеш аз ин сафири Эрон дар кишварҳои Арманистон ва Покистон будааст.