Раис бо пешбандак дар сафи пеш: Оғози маъракаи пахтачинӣ дар Кӯлоб

Раиси вилояти Хатлон ба деҳқонони Кӯлоб барои беталаф ва саривақт ҷамъоварии ҳосили имсола ва захираи он дастуру маслиҳатҳои мушаххас додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар Кооперативи тиҷоратии Роҳбар Қосимови Ҷамоати деҳоти "Кӯлоб"-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр мавсими ҷамъоварии пахта оғоз ёфт.
Дар ин ббора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят зимни маросими оғози пахтачинӣ бо хоҷагидорон ва деҳқонон суҳбати сарироҳӣ намуд ва дар бораи беталаф ва саривақт ҷамъоварии ҳосили имсола ва захираи он дастуру маслиҳат дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар Кооперативи тиҷоратии Роҳбар Қосимов дар ихтиёри худ 89 гектар замин дошта, имсол дар майдони 40 га пахта, 39 га гандум, 1 га картошка, 2 га пиёз, 3 га ҷуворимакка, 4 га полезиҳо кишт кардаанд ва аз онҳо ҳосили баландро интизоранд.
Раиси вилояти Суғд 300 мақомдори шаҳри Истаравшанро ба пахтачинӣ равон кард
“Хоҷагидор мақсад дорад, ки аз 40 га замини пахта 23,4 сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил ба даст орад”, - қайд кардааст мақомоти Хатлон.
Ҳамзамон раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни сафар аз рафти корҳои омодагии корхонаи пахтақабулкунии ҶДММ "Тиллои сафед" - воқеъ дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - боздид намуданд.
Дар вақти боздид масъулин ба раиси вилоят маълумот доданд, ки корхонаи мазкур барои қабули пахта пурра омода аст.
Раиси вилоят ба роҳбари корхона ва кормандони барои қабул ва саривақт пардохтани маблағи қабули пахта дастуру тавсияҳо додааст.