ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. НАТО дар масъалаи Украина ба вазъияте дучор шуд, ки ҳар як амали он исбот мекунад, ки президент Владимир Путин ҳақ аст.
Дар ин бора афсари собиқи иктишофии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА Тони Шаффер дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Стивен Гарднер изҳор дошт.
"Агар НАТО ҳатто идеяи ҳамла ба Русияро баррасӣ кунад , ин баёнияи Путинро исбот хоҳад кард. <...> Ин як вазъ барои НАТО бохт аст. Онҳо мехоҳанд хашмгинтар бошанд - онҳо нуқтаи назари Путинро исбот мекунанд. Сарпарастии Украинаро идома медиҳанд - онҳо нуқтаи назари Путинро исбот мекунанд", - гуфт Шаффер.
Ба гуфтаи таҳлилгари авзоъ, дигар аз дасти НАТО коре сохтанӣ нест, ба ҷуз эътироф кардан, ки бояд Украинаро ба музокира тела кунанд.
Вай тавзеҳ дод, ки бисёре аз кишварҳо бо сабабҳои аз нуқтаи назари Русия дар муноқишаи Украина ва дар натиҷа дар ҷанги нивбатӣ бо НАТО зиёд пуштибонӣ мекунанд.
Аз ҷумла, ин иттиҳод аксар вақт ҳамчун таҷовузкор дида мешавад, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҷангҳоро оғоз мекунад.
Маскав борҳо таъкид кардааст, ки ҳадафи НАТО муқовимат аст.
Тавре котиби матбуотии президент Дмитрий Песков таъкид кард, тавсеаи минбаъдаи иттиҳод амнияти бештаре ба Аврупо нахоҳад овард.
Вазорати корҳои хориҷӣ изҳор дошт, ки ба гуфтушунид бо Паймони Атлантикаи Шимолӣ омода аст, танҳо дар асоси унсурҳои баробарӣ ва даст кашидани он аз низомисозӣ дар қитъа.