ФФТ гуфт кай мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Русия бозӣ хоҳанд кард

Федератсияи Футболи Тоҷикистон гуфт, дастаи миллии кишвар омода аст бо мунтахаби Русия тирамоҳи соли 2024 бозии дӯстона анҷом диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бозии дӯстона миёни мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Русия эҳтимол дорад, тирамоҳи соли 2024 баргузор шавад, иттилоъ додаст хабаргузории “Sport24” дар истинод ба сухангӯи тими миллии футболи Тоҷикистон Фаридун Салиев.
"Мо омода ҳастем, ки дархости Иттиҳодияи футболи Русияро дар бораи бозии дӯстона баррасӣ намоем, аммо фақат барои тирамоҳи соли оянда. То кунун тақвими тими миллии Тоҷикистон то моҳи июни соли 2024 комил аст”, - гуфт Салиев.
Ёдовар мешавем, ки дастаҳо қаблан бо ҳам бозӣ карда буданд. Моҳи ноябри соли 2022 бозии ин ду даста бо ҳисоби мусовӣ бидуни гол анҷом ёфт.
Панҷ зина поин рафт: Мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар риштаи футбол дар раддабандии ФИФА
Бояд қайд кард, ки рӯзи 16 август Иттиҳодияи футболи Русия (РФУ) хабар дод, ки онҳо бо тими Баҳрайн барои бозӣ музокира доранд.
Бояд қайд кард, ки 28 феврали соли 2022 Федератсияи байналмилалии футбол ва Иттиҳодияи иттиҳодияҳои футболи Аврупо дастаҳо ва бошгоҳҳои Русияро аз мусобиқаҳои байналмилалӣ хориҷ карданд.
Дастаҳо дар мусобиқоти аврупоӣ бозӣ намекунанд ва мунтахаби Русия имкони мубориза барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2022-ро аз даст дода буд.