ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Чин ният дорад, ки ба кишварҳои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) пешниҳод кунад, ки паймонро ба як рақиби комилҳуқуқи геополитикии G7 табдил диҳанд.
Дар ин бора рӯзномаи амрикоии Financial Times бо истинод ба намояндаи Чин, ки нахостаст, номаш зикр шавад, хабар додааст.
"Агар мо БРИКС-ро тавсеа диҳему саҳми ММД-и он дар ҷаҳон ба мисли G7 гардад, пас садои муштараки мо дар ҷаҳон қавитар хоҳад шуд", - гуфтаст мусоҳиби нашрия.
Ҳамин тавр, сарони кишварҳои узви БРИКС дар нишасте, ки рӯзҳои 22-24 август дар Йоҳаннесбург баргузор мешавад, барои нахустин бор дар 10 соли ахир дар мавриди густариши иттиҳод тасмим хоҳанд гирифт.
Сиёсатмадори чинӣ дар мусоҳиба бо нашрия гуфтааст, ки дар сурати тавсеаи иттиҳод бо ҳиссаи ММД-и ҷаҳонӣ, ки дар G7 аст, садои дастаҷамъии вай қавитар мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Чин ва Ҳинд наметавонанд мувофиқа кунанд, ки баъди тавсеаи созмон чӣ иқдомро пеш гиранд.
Дар зимн масъалае пайдо шуд, ки оё БРИКС тамоми нерӯяшро ба кишварҳои рӯй ба рушд равона созад ё тавоноии сиёсияшро тақвият бахшад, то кишварҳои Ғарбро ба чолиш кашад.
Қаблан Чин изҳор дошт, ки тавсеаи созмонро ҷонибдорӣ мекунад ва хоҳони вуруди давлатҳои нав ба ҳайси аъзо ба ин созмон мебошад.
БРИКС ё худ BRICS баргирифтаи ҳарфҳои аввали номи 5 узви ин созмон бо забони англисӣ мебошад, ки айни ҳол ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.
Созмони мазкур аз 5 давлат - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ иборат мебошад.