Аз ягона намояндаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон чиро интизоранд?

Тоҷикистон то ҳол дар чемпионатҳои ҷаҳон дар риштаи варзиши сабук ҳамагӣ 3 медал дорад ва дар қаҳрамонии соли 2023 кишварро як намоянда муаррифӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Фаворис Музрапов ягона намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар мусобиқаҳои сатҳи баланд - Чемпионати ҷаҳон-2023 дар риштаи варзиши баромад мекунад.
Мусобиқа рӯзҳои 19-27 август дар Будапешт бо ширкати тақрибан 2 ҳазор варзишгар аз қариб 200 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад ва Фаворис Музрапов дар дав ба масофаи 100 метр нерӯ месанҷад.
Ин варзишкори тоҷик ба ин мусобиқаи ҷаҳонӣ тибқи квотаи Созмони байналмилалии варзиши сабук роҳ ёфт.
Дар мавриди интизориҳо аз сабқати давандаи тоҷик, мураббии калони дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ, Ғайрат Неъматов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мусобиқаҳо дар сатҳи хеле баланд баргузор мешаванд.
"Дар ин сатҳ нишон додани чизе барои мо мушкил аст, аммо бояд баромад кунем, худамонро ҳам нишон диҳем. Мутаассифона, аз миёни варзишкорони тоҷик, ҳеҷ кас меъёрҳои қаҳрамонии ҷаҳониро иҷро накардааст, аз ин рӯ мо як квота дорем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи мураббӣ, интизор доранд, ки Музрапов рекорди шахсии худро дар чемпионат беҳтар кунад.
"Инчунин муҳим аст, ки ӯ ба даври дигар дар масофаи худ роҳ ёбад. Чунин натиҷа қобили қабул аст", - афзуд мураббӣ.
Варзишгароне, ки дар ин мусобиқа рекорди ҷаҳонӣ мегузоранд, бо ҷоизаи вижаи 100 ҳазор доллар сарфароз хоҳанд шуд. Ҳамчунин маблағи умумии ҷоизаҳо дар рақобатҳои инфиродӣ ва даставӣ 8,4 млн долларро ташкил медиҳад.
Дар мусобиқаҳои инфиродӣ 70 ҳазор доллар барои медали тилло, 35 ҳазор доллар барои медали нуқра ва 22 ҳазор доллар барои медали биринҷӣ дода мешавад.
Паҳлавони ӯзбек ҷудокори тоҷикро аз ҳаққи идомаи сабқат дар Хорватия маҳрум кард
Дар эстафета барои тимҳо медали тилло 80 ҳазор доллар, медали нуқра 40 ҳазор доллар ва медали биринҷӣ 20 ҳазор доллар хоҳад овард.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук варзишгарони тоҷик то ҳол ҳамагӣ се медал - 2 тило ва як нуқра ба даст овардаанд, ки ҳамаашон дар риштаи гурзандозӣ мебошад.
Ду медали тилло ба гурзандози тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1992 дар Барселона Андрей Абдувалиев тааллуқ дорад. Ӯ соли 1993 дар Штутгарт ва соли 1995 дар Гетеборг ҷоизаи олиро ба даст овард.
Гурзандози дигари тоҷик Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2015 дар Пекин медали нуқра ба даст овард.