Толибҳо гуфтанд, баҳсашонро бо Эрон ҳал карданд

Мақомдорони гуруҳи толибҳо дар Афғонистон бархӯрдашонро бо масоили баҳсӣ бо Эрон нишонаи муносиботи созанда бо ҳамсояҳо арзёбӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Гуруҳи толибҳо* аз ҳалли баҳсашон бо Эрон бар сари об хабар доданду таъкид намуданд, ки бо ҳамаи ҳамсояҳо бархӯрд хуб мешавад.
Муовини нахуствазири ҳукумати Толибон* дар умури сиёсӣ, Ҳилманд Абдулкабир, дар маросими Рӯзи истиқлол гуфт, ҳалли ин масъала аз тариқи муколама бо Эрон нишондиҳандаи хуб мебошад.
"Ҳалли қазия собит кард, ки мо сиёсати мусбат ва ҳамкориҳои созандаро дунбол мекунем", - гуфт вай.
Ӯ афзуд, ки дар гузашта "ҳамлаҳои хурд"-и кишварҳои ҳамсоя дар манотиқи наздимарзӣ сурат мегирифт, аммо ҳоло ба маротиб камтар шудааст.
Қаблан Эрон изҳор дошт, ки ҷониби толибҳо обро пурра надода истодаанд, аммо ҳукуматдорони Кобул мегӯянд, ин ба хушксолӣ рабт дорад.
Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна талош доранд, ташаннуҷ дар Афғонистонро коҳиш диҳанд?
Қаблан дар бораи задухӯрд миёни марзбонони эронӣ ва толибҳо* дар посгоҳи Сосулӣ дар устони Сиистону Балуҷистони Эрон хабар дода шуда буд.
Дар посух фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди артиши Эрон, генерал Каюмарс Ҳайдарӣ таъкид намуд, ки артиши кишвар амнияти сарҳад бо Афғонистонро пурра таъмин мекунад.
Вай ҳушдор дод, ки агар ҷониби дигар қоидаҳоро риоя накунад, бархӯрд дар марз дигар хоҳад шуд,
* - созмон барои ҳамалоти теруристӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад