Русиягиҳо дар мавриди таъсири таҳримҳо чӣ назар доранд?

Бунёди омӯзиши афкори омма дар пайи як назарпурсӣ миёни сокинони синну сол ва минтақаҳои мухталифи Русия дар мавриди таъсири таҳримҳо пажуҳиш анҷом додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Беш аз нисфи русиягиҳо гуфтаанд, таҳрим ба онҳо таъсире накардааст, маълум кардааст назарпурсии Бунёди афкори омма.
Ин пурсиши назарҳо муайян намудааст, ки 56%-и русиягиҳо таъсири таҳримҳоро надидаанд ва изҳор доштаанд, ки ба тарзи ҳаёташон халале ворид нашудааст.
Ҳудуди 25% изҳор доштаанд, ки таҳримҳо ба онҳо таъсир кардаанд, аммо на он қадар сахт. Таъсири сахти таҳримҳоро 14%-и пурсидашудаҳо эҳсос кардаанд, бармеояд аз назарпурсӣ.
Ҳавасмандии соҳибкорони рус барои харидории маҳсулоти кишоварзии Суғд
Дар пайи оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳо иқтисодӣ ҷорӣ намуданд. Мақомоти Русия мегӯянд, иқтидори кофӣ барои мубориза бо таҳримҳоро доранд ва он бар зиёни худи ташаббускорон меанҷомад.
Ахиран вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳор дошт, ки барои муқовимати бомуваффақият ба таҳримҳо, иқтисодҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро (ИИАО) тақвият мебахшанд.
Мақомоти Русия таъкид мекунанд, ки сарфи назар аз таҳримҳо ва фишори кишварҳои ғарбӣ иқтисоди давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус рушдро нишон дода истодааст.