ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Озмуни "Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон" дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 23-24 август баргузор мешавад.
Қарори раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар ин бора ба имзо расидааст, иттилоъ дод дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи озмун тақвияти донишу малака ва касбияти заноне мебошад, ки дар хизмати давлатӣ қарор доранд.
Таъкид шудааст, ки дар озмун метавонанд занони хизматчие иштирок кунанд, ки дар мақомоти маҳаллӣ ва марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд.
Дар Тоҷикистон сол ба сол теъдоди занони хизматчии давлатӣ афзоиш меёбад.
Аз ҷумла раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, Ҷумъа Давлатов дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон гуфт, аз 5937 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1143 нафари он занон мебошанд.
Вай афзуд, ки дар маҷмуъ шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 4556 нафарро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 118 нафар зиёд мебошад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, бар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба 30% расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25% расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст.