ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Раисҷумҳурии Эрон Саидиброҳими Раисӣ ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин ахиран дар ин тамоси телефонӣ бар азми ду кишвар барои тавсеаи бештари равобити дуҷониба дар заминаҳои тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва муҳити зист таъкид карданд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Ба иттилои манбаъ, раҳбарони ду кишвар дар суҳбати телефонӣ ҳамчунин дар бораи мавзуҳои муртабит бо ҳамкорӣ дар умури минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла узвияти комили Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва тамоюли Эрон барои пайвастан ба гуруҳи БРИКС гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Ҳамзамон ба иттилои хабаргузории ИРНА оқои Путин дар ин гуфтугу ҳамлаи террористии ахир дар ҳарами Шоҳчароғи Шерозро маҳкум кард ва ба раисҷумҳурии Эрон таслият гуфт.
Ёдовар мешавем, ки ду террорист ба масҷиди Шоҳ Чароғ ҳамла карданд. Дар натиҷаи амали террористӣ як нафар кушта ва 8 тани дигар захмӣ шуданд.
Раиси кули додгустарии устони Форс дар робитаи ҳуввияти террористи аслӣ, ки шаби гузашта дар саҳни ҳарам дастгир шуда буд, баён кард, ки ин фард дар таҳқиқоти аввалия худро Раҳматуллоҳ Наврӯзов муаррифӣ карда ва ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Вай гуфт,Наврӯзов бо як силоҳи Калашников 11 тир холӣ кард, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд.