ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Дар Маскав ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи корӣ дар умури татбиқи Созишнома дар бораи ҷалби муташаккили шаҳрвандон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ баргузор шуд
Ба иттилои намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ба пойтахти Русия гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва илм ва корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ба шаҳри Маскави Русия сафарбар гардиданд.
Манбаъ хабар дод, ки дар доираи сафар ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи корӣ дар умури татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи ҷалби муташаккили шаҳрвандони кишвар ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа масъалаи амалишавии Созишномаи мазкур, рафти иҷроиши тавофуқҳои мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар, ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар самти ҷалби муташаккил, аз ҷумла дар масъалаҳое, ки қабули қарори дуҷонибаро талаб менамояд, рафти интихоби шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҷалби муташаккилона барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҶСК "АВТОВАЗ", баррасӣ шуданд.
Инчунин тарафҳо ташкили маркази таълимӣ дар заминаи яке аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ, муассисаҳои таълимии Русия барои омӯзонидани муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Русия аз рӯи ихтисосҳое, ки дар бозори меҳнати ин кишвар талабот доранд ва ғайраро муҳокима карданд.
Бо дарназардошти иқомати аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия масъалаи ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Русия аз мавзӯъҳои калидии музокироту гуфтушунидҳо бо роҳбарони олии ин кишвар мебошад.
Бо назардошти вазъи воқеъӣ ва зарурати фароҳам овардани шароитҳои ҷолиб барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи муташаккилона сафарбар мегарданд, лоиҳаи пешниҳоднамудаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ баррасӣ гардид.
Тибқи иттилои ҷониби Русия, дар асоси тағйиротҳои нав ба қонунгузорӣ аз 8 январи соли 2024 тартиби назорати супоридани огоҳиномаҳо ҷиҳати ба фаъолият шурӯъ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дучанд шуда, аз ҷониби коргар, дар давоми 60 рӯз ва корфармо, дар мӯҳлати 3 рӯзи тақвимӣ бояд ҳуҷҷатҳо дар алоҳидагӣ ба мақомотҳои дахлдор супорида шаванд.
Барои сабукии кор имконияти супоридани огоҳиномаҳои мазкур дастрас буда, метавон тариқи портали “Госуслуги” ирсол карда шавад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, 25% огоҳиномаҳо тариқи портали мазкур қабул гардидааст.
Дар фарҷоми ҷаласа "Харитаи роҳ" байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи РУсия ба имзо расид, ки дар он тадбирҳои мушаххас оид ба татбиқи Созишномаи мазкур ва мӯҳлатҳои иҷроиши онҳо пешбинӣ шудаанд.